BrushPacer
2
1
3
4
6
5
Ёдраскуниҳои иваз кардани сараки чӯтка
Вақте ки Аксуламали харош бо чӯтка фаъол аст,
чароғи аксуламали дандоншӯӣ дар поёни дастак бо
ранги каҳрабо дурахш мекунад ва дастак барои
хотиррасонии қатъи хароши дандонҳо ларзишро иваз
мекунад. Вақте ки шумо дандонҳоро харош
намекунед, чароғи аксуламали дандоншӯӣ хомӯш
мешавад.
Шарҳ: Дар реҷаи ибтидоӣ, хусусияти «Аксуламали
харош бо чӯтка» ғайрифаъол мебошад. Барои фаъол
кардани ин хусусият, ба «Фаъол ё ғайрифаъол
кардани хусусиятҳо» нигаред.
«BrushPacer» вақти дандоншӯиро ба шаш қисми
баробар ҷудо мекунад ва нишон медиҳад, ки кадом
вақт шумо бояд чӯткаро ба минтақаи дигар ҳаракат
кунед. Қисматҳо тавассути таваққуфи кӯтоҳ дар
ларзиш муайян карда мешаванд. Чӯткаи дандоншӯӣ
дар охири раванди дандоншуӣ ба таври худкор
таваққуф мешавад.
Шарҳ: Қисмҳои иловагӣ метавонанд илова карда
шаванд, вақте ки шумо аз реҷаҳои «White+» ё «Gum
Health» истифода мебаред. Барои тафсилоти реҷа, ба
барномаи «Sonicare» нигаред.
Чӯткаи дандоншӯии «Sonicare»-и шумо фарсудашавии
сараки дандоншӯии ҳушмандро пайгирӣ мекунад ва
барои ченкунии рафтори зерин аз технологияи
«BrushSync» истифода мебарад:
-
Фишори умумии Шумо ҳангоми шустушӯй
-
Вақти умумие, ки Шумо сараки чӯткаро истифода
бурдед.
Вақте ки, сараки чӯткаи шумо дигар самарбахш
намебошад, чароғи нишондиҳандаи ёдраси
ивазкунии сараки чӯтка бо ранги каҳрабо дурахш
мекунад ва дастак як қатор садоҳо ва оҳангҳо
баромада, нишон медиҳад, ки барои иваз кардани
сараки чӯтка вақт омад.
655
Тоҷикӣ